Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден: ИМА таҳрими Олимпиадаи зимистонаи Пекинро баррасӣ мекунад


Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико рузи панҷшанбе 18-уми ноябр гуфт, ки бинобар нақзи ҳуқуқи башар дар Чин, ИМА масъалаи таҳрими дипломатии Олимпиадаи зимистонии Пекинро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Ҷо Байден дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки таҳрими дипломатӣ "чизе аст, ки мо дар ҳоли баррасии он ҳастем".

Раиси ҷумҳури Амрико рузи душанбе бо Си Ҷинпин, раҳбари Чин гуфтугӯи видеоӣ дошт. Тибқи баёнияи Кохи Сафед, масъалаи Олимпиадаи зимистонаи Пекин дар он ҷаласа матраҳ нашуд, аммо Ҷо Байден дар бораи нақзи ҳуқуқи башар дар Чин суҳбат кард.

Мақомоти Чин муттаҳам ба боздошти ҳудуди як миллион ӯйғур ва аъзои дигар ақалиятҳои аслии мусалмон ва ҳамчунин суистифода аз онҳо дар боздоштгоҳҳои кори маҷбурӣ аз соли 2016 ҳастанд.

Чин бо ин ҳол ин иттиҳомотро рад мекунад ва мегӯяд, урдугоҳҳо марказҳои омузиши касб барои мубориза бо ифротгароӣ ҳастанд.

Агар Байден Олимпиадаи зимистонаи Пекинро таҳрими дипломатӣ кунад, Амрико ҳамчунон варзишгарони худро ба бозиҳо мефиристад. Таҳрими дипломатӣ шомили фақат мақомоти давлатӣ ва мақомоти баландпоя мешавад.

Фаъолони ақалияти ӯйғур мегӯянд, ҳукумати Чин аз урдугоҳҳои бозомузӣ барои шустушӯи мағзӣ ва нобуд кардани фарҳанги вижаи қавм ва ҳувияти исломии онҳо истифода мекунад.

Илова бар ин, натиҷаҳои як таҳқиқот дар соли гузашта нишон дода буд, ки ниҳодҳои давлатии Чин ба ҳадафи назорат бар рушди аҳолии ӯйғури Шинҷон, занҳои ин ақалиятро ба таври маҷбурӣ безуриёт мекунанд.

XS
SM
MD
LG