Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ мегӯяд, истеҳсоли афюн дар Афғонистон 8 дарсад зиёд шудааст


Раёсати СММ дар умури мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар гузориши худ, ки 16-уми ноябр нашр шуд, гуфтааст, истеҳсоли афюн дар Афғонистон соли 2021 назар ба соли гузашта 8 дарсад афзоиш ёфта, ба 6,8 ҳазор тонна расидааст.

Бино ба гузориши созмон, Афғонистон дар ҳоли ҳозир 80 дарсади истеъмолгаронро дар ҷаҳон бо "афюн таъмин мекунад". Созмон мегӯяд, даромади истеҳсоли афюн дар дохили кишвар дар соли равон аз 1,8 то 2,7 миллиард доллари амрикоиро ташкил дода, фурӯши он ба хориҷ "чандин баробар бештар" маблағ овардааст.

Тибқи гузориши раёсат, нооромии сиёсие, ки баъди сари қудрат омадани гуруҳи Толибон дар Афғонистон ба миён омадааст, ба афзоиши истеҳсоли афюн дар он кишвар сабаб шудааст.

Расонаҳои Афғонистон менависанд, ки кишоварзони вилояти Қандаҳор парвариши афюнро оғоз кардаанд. "Кор нест ва қарзи сокинон зиёд мешавад. Бинобар ин, ҳоло ҳама ба афюн умед бастаанд", - иқтибос овардааст "ToloNews" аз қавли кишоварзони қандаҳорӣ.

XS
SM
MD
LG