Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргирии муҳоҷирон бо нерӯҳои Полша дар марз бо Беларус


Марзи Беларус бо Лаҳистон
Марзи Беларус бо Лаҳистон

Муҳоҷироне, ки дар марзи Беларус банд мондаанд, рӯзи 16-уми ноябр бо нерӯҳои Лаҳистон ё Полша даргир шуданд.

Вазорати мудофиаи Лаҳистон дар Твиттер гуфт, муҳоҷирон ба афсарон ва сарбозон бо санг ҳамла карда, талош кардаанд, вориди хоки ин кишвар бишаванд.

Тасвирҳо нишон додааст, ки нерӯҳои Полша дар муқобили даҳҳо муҳоҷир аз обпош ва норинҷак истифода мекунанд.

Вақтҳои охир вазъ дар марзи шарқии Иттиҳоди Аврупо бадтар шудааст.

Ҳазорон нафар, асосан аз Ховари Миёна, дар сарҳади Беларус бо Полша, Латвия ва Литва дар вазъияти душвор ба сар мебаранд ва талош мекунанд, ғайриқонунӣ вориди Иттиҳоди Аврупо шаванд.

XS
SM
MD
LG