Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши мавридҳои олудашавӣ ба навъи Делтаи коронавирус дар Чин


Маросими хатми донишгоҳ дар як шаҳри Чин. 23 июни соли 2021

Дар Чин, ки сарчашмаи пайдоиши пандемияи коронавирус ба ҳисоб меравад, ҳодисаҳои афзоиши ҳодисаҳои олудашавӣ бо навъи Делтаи ин вирус мушоҳида мешавад ва мақомот маҳдудиятҳои навро ҷорӣ мекунанд. Аз 17 октябр ба ин сӯ дар Чин афзоиши ҳодисаҳои олудашавӣ ба қайд гирифта мешавад ва рӯзи 14 ноябр дар ин кишвар 1308 ҳолати гирифтории нав сабт шуд. Ҳаракат ба беруни шаҳри Далиан, ки он ҷо ҳодисаҳои олудашавӣ босуръат паҳн мешавад, аз ҳафтаи гузашта ба ин сӯ маҳдуд шудааст. Ҳарчанд ин омор дар муқоиса бо дигар кишварҳо камтар аст, вале омори мазкур баёнгари афзоиши бисёр зиёд дар вақтҳои охир мебошад. Ҳоло дар 21 вилояту минтақаи Чин афзоиши олудашавӣ ба чашм мерасад.

XS
SM
MD
LG