Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қадам Исматов, фаъоли тоҷикро аз шаҳрвандии Русия маҳрум кардаанд


Қадам Исматов
Қадам Исматов

Идораи шиносномадиҳии шаҳри Саратови Русия фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ Қадам Исматовро дар бораи бекор шудани шаҳрвандиаш дар он кишвар хабардор кардааст.

Исматов рӯзи 14-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, пайваста дар Интернет аз камбудҳои мақомоти Тоҷикистон менависад ва баъди лағви шаҳрвандиаш аз эҳтимоли истирдод шудан ба кишвар нигарон аст.

Раёсати корҳои дохилии Саратов моҳи марти соли гузашта масъалаи бекор кардани шаҳрвандии Қадам Исматови 58-соларо дар миён гузошта буд. Вале додгоҳ қазияро моҳи декабри соли 2020 ба фоидаи ӯ ҳал кард.

Қадам Исматов гуфт, мақомоти Русия шаҳрвандии ӯро 22-юми сентябри имсол бекор кардаанд, вале ӯ фақат се рӯз пеш тавассути почта огоҳ карда шудааст.

"Вақте ба Идораи паспортдиҳии Саратов муроҷиат кардам, гуфтанд, гуё дар вақти дарёфти шаҳрвандӣ маълумоти нодуруст пешниҳод карда будаам. Ман аз соли 2005 шаҳрванди Русия ҳастам. Чаро маҳз имрӯз маълумоти пешниҳодии ман нодуруст баромад?" -- суол гузошт ӯ.

Исматов пас аз адои хидмати сарбозӣ дар Русия, аз соли 1993 ба ин тараф дар Саратов зиндагӣ мекунад. Фаъоли тоҷик мегӯяд, пас аз он ки моҳи декабри соли гузашта дар додгоҳ пирӯз шуд, бо хотири ҷамъ мегашт, ки мавзуъ дигар пӯшида шудааст.

"Чаро бе огоҳӣ ва бе ширкати ман шаҳрвандии маро бекор кардаанд? Ман қариб 17 сол аст, ки шаҳрвандии Русияро дорам ва бо хонаводаам зиндагӣ дорам", -- мегӯяд ӯ.

Вакили мудофеъ, Шӯҳрат Қудратов, соли гузашта дар додгоҳ аз ҳуқуқи Қадам Исматов ҳимоят карда буд. Ҳоло ӯ мегӯяд, ба зерҳимояи собиқаш машварат додааст, ки барои дарёфти дубораи шаҳрвандӣ санадаҳояшро пешниҳод кунад. "Вале ин навбат наметавонам аз ӯ ҳимояи ҳуқуқӣ кунам, чунки худам таҳти хатари истирдод ба Тоҷикистон ҳастам", -- гуфт Қудратов.

Созмонҳои ҳуқуқи башар борҳо боздошту истирдоди мухолифони режими Душанберо аз Русия ба Тоҷикистон танқид кардаанд.

XS
SM
MD
LG