Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори генерал Картер аз тағйири "хусусияти ҷанг" дар ҷаҳон


Ник Картер. Акс аз соли 2018
Ник Картер. Акс аз соли 2018

Як мансабдори баландпояи низомии Бритониё аз тағйири "хусусияти ҷанг" дар ҷаҳон ҳушдор дод.

Генерал Ник Картер рӯзи якшанбе дар мусоҳиба бо радиои "Таймс" гуфт, ҷаҳон дар даҳсолаҳои охир бо хатари "ҳисоббаробаркунӣ" рӯбарӯ аст ва он метавонад, ба ҷанг миёни Русия ва Ғарб сабаб шавад.

Вай ба тамоюли душманон барои истифода аз ҳар васила, аз ҷумла паноҳҷуён, арзиши нафт, ҷангҳои ниёбатӣ ва ҳамлаҳои кибернетикӣ, ишора кардааст. Ба қавли Картер, абзорҳо ва усулҳои дипломатии суннатӣ аз байн рафтаанд.

Изҳороти генерали бритониёӣ дар ҳоле иброз шудааст, ки танишҳо дар сарҳади Полша (Лаҳистон), узви Иттиҳоди Аврупо ва Беларус, муттафиқи Русия, афзоиш ёфтааст. Дар онҷо ҳазорон муҳоҷир аз Ховари Миёна ба умеди расидан ба Ғарб ҷамъ шудаанд.

Мақомоти Амрико ва Аврупо ҳамвора дар мавриди таҳдиди ҳамлаи низомии Русия ҳушдор медиҳанд. Бар асоси гузоришҳо, нерӯҳои Русия дар наздикии сарҳади ин кишвар бо Украина тамаркуз кардаанд.

XS
SM
MD
LG