Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонаеро, ки осори Садриддин Айнӣ дар он ҷо буд, вайрон мекунанд. ВИДЕО


Осорхонаи Садриддин Айнӣ дар Душанбе
Осорхонаи Садриддин Айнӣ дар Душанбе

Шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтааст, ки хона-музейи Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистонро вайрон карда, ашёи дохили онро ба ҷойи дигар бибарад. Чанде аз донишмандони тоҷик хоҳони ҳифзи ин ёдгорӣ шуданд.

Нома ба Академия

Бино ба санаде, ки нусхаи он ба дасти Радиои Озодӣ расид, муовини аввали шаҳрдор, Амирхон Қурбонзода, 13-уми сентябри имсол аз раиси Академияи миллии илмҳо хостааст, “ҷиҳати кӯчондан ва ҷойгир кардани осорхона... мусоидат намоед.”

Дар нома гуфта шудааст, ки осорхонаи Садриддин Айнӣ дар кӯчаи Саид Носирии пойтахт “дар масоҳати 0,20 гектар ҷойгир аст”.

Дар посух Фарҳод Раҳимӣ, раиси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, навиштааст, “Академия мувофиқи мақсад медонад, ки аввал Осорхонаи нави Садриддин Айнӣ ба таври замонавӣ сохта шуда, сипас, нигораҳои осорхонаи мавҷуда ба он ҷо кӯчонда шавад.”

Ҳоло маълум нест, ки мақомот сохтмони осорхонаи нави Айниро дар нақша доранд ё не.

Дар канори осорхона биноҳои баландошёна сохтаанд
Дар канори осорхона биноҳои баландошёна сохтаанд

“Имкон дорад, хона-музейи Ғафур Ғулом ва Чингиз Айтматовро вайрон кунанд?”

Таърихнигор Ғафур Шерматов тахриб ё кӯчонидани осорхонаи Қаҳрамони Тоҷикистон ва сардафтари адабиёти нави кишварро сахт танқид кард. Вай гуфт: “Далелашро “Генплан” мегӯянд. Ин мероси фарҳангиву таърихӣ аст. Магар имкон дорад, ки хона-музейи Ғафур Ғулом ва Чингиз Айтматовро дар Тошканду Бишкек вайрон кунанд?” – пурсид ӯ.

Ғафур Шерматов
Ғафур Шерматов

Шерматов афзуд, замоне дар Самарқанд ба хотири бозсозии майдони Регистон хостанд, хона-музейи Садриддин Айниро дар он шаҳр вайрон кунанд, аммо дар пайи эътирозҳои зиёиён аз ин кор даст кашиданд.

“Беҳтар аст, ҳифз кунанд”

Дар як ҷаласаи Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ ин мавзуъ баррасӣ шудааст.

Абдухолиқ Набавӣ, пажӯҳишгари осори Садриддин Айнӣ, мегӯяд, “ҷанозаашон аз ҳамин хона ба роҳи охират бароварда шуд. Ин манзили таърихӣ аст. Агар онро тахриб кунем, пас, ҳофизаи мардумро дар мавриди устод Айнӣ хат мезанем. Беҳтар аст, ки ин осорхона тахриб нашавад.”

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Бо Осорхонаи Айнӣ дар Душанбе чӣ кор мекунанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:20 0:00

Дар чанд соли охир дар пайи иҷрои “Генплан” ё нақшаи бозсозии пойтахти Тоҷикистон чандин бинои таърихӣ ва фарҳангӣ, ба монанди Театри ба номи Маяковский, Қасри президент, Кохи Ҷомӣ, бинои Вазорати кишоварзӣ, хона-музейи Муҳаммадҷон Раҳимӣ ва дигарон вайрон карда шудаанд.

“Дар Тоҷикистон осорхонаҳои зиёде нест. Чор ё панҷ осорхонае дорем, ки бояд онҳоро ба мисли гавҳараки чашм ҳифз кунем. Аз як ҷо ба ҷойи дигар кӯчонидани осорхонаҳо эътибори онҳоро гум мекунад. Бо ин кор мо таърихро мешиканем, пора мекунем”, -- мегӯяд донишманди тоҷик Анзурати Маликзод.

“Ба онҳо танҳо фоида ва даромад бошад”

Абдумалик Қодиров
Абдумалик Қодиров

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик, дар посух ба ин суол, ки оё мақомоти тоҷик имкон надоштанд, ба нақшаи таҳияшуда (Генплан) тағйироте ворид кунанд, гуфт: “Барои ин, бояд эҳсоси фарҳангиву ватандӯстӣ дошта бошанд. Фаҳмиши чӣ будани таърихро дошта бошанд. Онҳое, ки ин корро кардаанд, аз ин мафҳумҳо фарсахҳо дуранд. Ба онҳо танҳо фоида ва даромад бошад.”

Пештар баъзе аз коршиносон, ба мисли Ғафур Шерматов, гуфта буданд, ки мақомот бо чунин амалашон таърихи начандон дури тоҷиконро нобуд месозанд ва бо гузашти муддате ин амал ҷуброннопазир мешавад. Мақомот ҳамеша таҳрифи таърихро рад карда, онро ба сохтмони биноҳои наву тобовар ва мувофиқ ба замон пайванд додаанд.

Садриддин Айнӣ 15-уми апрели соли 1878 дар ноҳияи Ғиждувони вилояти ҳозираи Бухоро таваллуд шудааст. Вай президенти нахустини Академияи илмҳои Тоҷикистон ва сардафтари адабиёти муосири тоҷик аст.

Моҳи сентябри соли 1998 бо фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Садриддин Айнӣ унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд ва акси ӯ дар пули 5-сомонӣ ҷой гирифт.

XS
SM
MD
LG