Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қасри пешинаи президентро дар Душанбе вайрон мекунанд. ВИДЕО


Мақомот дар Душанбе ба вайрон кардани Қасри пешинаи президент оғоз карданд. Ин бино соли 1957 бунёд шуда, маҳалли кори мансабдорони сатҳи боло, маркази тасмимгириҳои сиёсӣ ва шоҳиди ҳодисаҳои таърихие ба монанди "Баҳмонмоҳи хунин" ва гирдиҳамоиҳо дар оғози солҳои 90-ум будааст.

Се сол боз дар онҷо ҳукумати пойтахт фаъолият дошт. Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ дар ин бино Кумитаи марказии Ҳизби коммунист воқеъ буд. ​

Баъзе аз сокинону муаррихон ба зидди вайрон кардани чунин биноҳои қадимӣ ҳастанд ва мегӯянд, ҳудуди пойтахт аз ҳисоби заминҳои атроф васеъ карда шавад. Мақомот ба ин назаранд, ки зарфияти биноҳои куҳна кайҳо ба поён расидааст ва бояд дар ҷойи онҳо биноҳои зебову бисёртабақа бисозанд.

Тахриби бинои Қасри пешинаи президент дар чаҳорчӯби "Генплан" ё Нақшаи куллии шаҳри Душанбе сурат мегирад. Моҳи феврали имсол Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини аввали шаҳрдори Душанбе, дар нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки "бо тарҳи "Генплан" шинос ҳастам ва қарор аст бинои собиқи раёсати ҷумҳурӣ тахриб карда шавад".

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Қасри кӯҳнаи раёсатҷумҳурӣ дар Душанбе тахриб мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:14 0:00

Ҳоло коргарон дар хиёбони ба номи Рӯдакии шаҳри Душанбе машғули насби пояҳо барои кашидани девор дар атрофи бинои Қасри пешинаи президент ҳастанд. Маълум нест, баъд аз вайрон кардани он дар ҷояш чӣ хоҳанд сохт.

Ғафур Шерматов, муҳаққиқи таърихи Душанбе, рӯзи 3-юми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомот симои пойтахти Тоҷикистонро тарзе тағйир медиҳанд, ки дигар барои сайёҳон ҷолиб нахоҳад буд.

"То ба ҳол танҳо чизе, ки мо ба сайёҳон нишон медодем, ин маркази Душанбе буд. Ҳамакнун масъулияти аз байн бурдани таърихи шаҳри мо ба дӯши мақомдорон аст", - афзуд ӯ.

Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ мегӯянд, таҷрибаи азнавсозии шаҳрҳои бузург дар бештаре аз кишварҳои минтақа мушоҳида мешавад, вале маъмулан дар он кишварҳо симои қадимии шаҳрҳо ҳифз шуда, шаҳри наве дар канори он бунёд мегардад.

Ҳалим Саидов, омӯзгори мактаби миёнаи рақами 46 аз ноҳияи Варзобро дар назди бинои собиқи раёсати ҷумҳурӣ вохӯрдем. Вай мегӯяд, ин биноро ҳанӯз аз овони ҷавонӣ дар ёд дорад ва вайрон шуданаш хотираҳоро низ аз байн мебарад:

"Ҳоло роҳбарон мехоҳанд, симои Душанберо зеботар кунанд. Аз ҳисоби ноҳияҳои атроф масоҳати шаҳр бузург карда шуд. Бигзор, дар он ҷо биноҳои нави худро месохтанд".

Саидаҳмад Акрампур, коршиноси масоили зистмуҳитӣ, низ хостори ҳифзи биноҳои қадимӣ дар пойтахти Тоҷикистон аст. Ба гуфтаи вай, ҳоло дар шаҳр биноҳое, ки дар солҳои аввали мавҷудияти Тоҷикистони Шӯравӣ буданд, тақрибан намондаанд.

Вай ба унвони мисол аз ҷайбаш як шонаи кӯҳнаеро баровард ва гуфт: "Ин шона аз падарам ба ман нишонӣ мондааст. Қиматаш ҳамагӣ 35 тин аст, аммо ҳоло бароям аз ҳазор доллар бештар қимат дорад. Биноҳои қадимӣ низ ҳамин гуна бо гузашти солҳо аҳамияти бештареро соҳиб мешаванд".

Мансабдорон ва меъморон дар навбати худ ба ин назаранд, ки танҳо даҳ биноро дар Душанбе мешавад ба унвони биноҳои таърихӣ ва фарҳангӣ нигоҳ дошт. Боқимондаҳо, ба назари онҳо, "зарфияташон кайҳо тамом шудааст ва ба ҳаёти сокинон хатар доранд."

Вячеслав Юлдошев, узви Шӯрои шаҳрсозони Душанбе ва аз ҷонибдорони вайрон кардани биноҳои куҳна дар пойтахти Тоҷикистон дар суҳбати қаблияш бо Радиои Озодӣ гуфта буд:

"Душанбе шаҳри осорхона нест. Ҳоло ин шаҳр ҳатто 100-сола нашудааст. Биноҳои дар замони Шӯравӣ сохташуда фарсуда ва корношоям мешаванд. Зеро, мӯҳлати истифодаи ин биноҳо ва қубури обгузару системаи барқрасониашон гузаштааст. Иҷрои барномаи “Генплан” имкон медиҳад, Душанбе бо биноҳои замонавӣ ва бисёртабақа симои нав бигирад".

​"Генплан" ё Нақшаи куллии шаҳри Душанбе дар миёнаҳои солҳои 2000-ум ба иҷро даромад.

То имрӯз дар чаҳорчӯби ин нақша бинои Театри русии ба номи Маяковский дар маркази Душанбе, бинои пешини ҳукумати пойтахт, Вазорати кишоварзӣ, бозори Шоҳмансур ва даҳҳо манзили шаҳрвандон вайрон карда шудааст.

Ин тасмимҳо ҳар дафъа бо норозиятҳо ва вокуниши тунди мардум ва ҷомеаи шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шудааст, вале мақомот ҳамвора ба ҳақ будани худ таъкид доранд.

Шарҳҳоро бинед (29)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG