Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе худашро “мехӯрад”. Идомаи вайрон кардани биноҳои қадимӣ дар Тоҷикистон. ВИДЕО


Дар шаҳри Душанбе вайрон кардани биноҳое, ки дар солҳои бистум ва сиюми асри гузашта сохта шудаанд ва таърихи пойтахти Тоҷикистон аз онҳо маншаъ мегирад, идома дорад. Ҳоло дар навбат тахриби хонае истодааст, ки меъмори аввалини Душанбе Пётр Ваулин сохта буд.

Баъзе аз сокинон ва муаррихону кишваршиносҳо ба зидди вайрон кардани биноҳои қадимӣ дар Душанбе ҳастанд. Онҳо мегӯянд, дар шаҳр биноҳои кӯҳнаву таърихӣ хеле кам мондааст ва шумораашон шояд ба 30 мерасад.

Фирдавс Шукуров, сокини 75-солаи Душанбе, аз замони таваллудаш то кунун дар пойтахт зиндагӣ мекунад, вале мегӯяд, сол то сол ҳавсалаи монданаш дар ин ҷо камтар мешавад. Ба гуфтаи ӯ, биноҳои баланду бетонии берӯҳ ҷойи хонаҳои роҳати ду-се ошёнаро мегиранд.

Биное, ки Шукуров дар онҷо зиндагӣ мекунад, аз рӯйи нақша бояд вайрон карда шавад. Вай мегӯяд, дарк намекунад, ки чаро биноҳои навро дар ҷойи дигар намесозанд.

"Ин ҷо кӯча ва хонаҳои хурду зебое буд. Биноҳои баланд не, аммо аз нигоҳи меъморӣ бисёр хуб. Барои мисол, хонаи мо. Ба назарам, мисли марворид аст", -- мегӯяд ӯ.

Мухолифони кӯчондани биноҳои кӯҳна дар шаҳри Душанбе кам нестанд. Яке аз онҳо муаррих ва кишваршинос Ғафур Шерматов аст. Ӯ мегӯяд, намунаи чунин биноҳо дар ҷойи дигар нест ё хеле кам аст, чун тарҳи баъзе аз хонаҳоро махсус барои пойтахти Тоҷикистон таҳия карда буданд.

"Ҳоло муҳим арзиши меъморӣ нест, балки арзиши таърихӣ аст", -- мегӯяд ӯ.

Вай афзуд: "Ҳар шаҳр аз биноҳои аввалаш оғоз мегирад. Дар пушти ман бинои Академияи илмҳо истодааст. Илми тоҷик дар ин бино оғоз шудааст. Аз нигоҳи меъморӣ шояд бад бошад, вале бинои таърихӣ аст. Мефаҳмед? Дар Душанбеи мо чунин меҳисобанд: Ин меъморӣ нест. Дар ин ҷо масъалаи меъморӣ чӣ дахл дорад? Дар ин ҷо масъалаи таърих аст, таърихи шаҳр."

Ғафур Шерматов мегӯяд, бунёди биноҳои нав дар Душанбе ба меъёрҳои шаҳрсозии муосир ҷавобгӯ нест.

Биноҳои таърихии Душанберо вайрон мекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:53 0:00

"Ҳамаи шаҳрҳо ба паҳнӣ ё бар тавсеа меёбанд, Душанбе дар дохили худ. Душанбе худашро мехӯрад ва нобуд мекунад", -- гуфт ӯ ва афзуд, "бубинед, дар маркази шаҳр биноҳои истиқоматӣ дар паҳлӯи марказҳои тиҷоратӣ, биноҳои ширкатҳо ва идораҳои давлатӣ сохта шудаанд. Инҷо набояд маҳаллаҳои истиқоматӣ бошад, вале маркази шаҳр ба маҳаллаи истиқоматӣ табдил меёбад."

Ин дар ҳолест, ки дар моҳи январи имсол мақомот гуфта буданд, беш аз ҳафт ҳазор гектар замини ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Ҳисорро, ки аз деҳаву ҷамоатҳо иборат аст, ба қаламрави Душанбе ҳамроҳ кардаанд.

Мансабдорон ва меъморон дар навбати худ ба ин назаранд, ки танҳо даҳ биноро дар Душанбе мешавад ба унвони биноҳои таърихӣ ва фарҳангӣ нигоҳ дошт. Боқимондаҳо, ба назари онҳо, "ба ҳаёти сокинон хатар доранд ва зарфияташон кайҳо тамом шудааст".

Вячеслав Юлдошев, узви шӯрои шаҳрсозони Душанбе, гуфт, "ҳамаи биноҳо дар Душанбе дар соҳили чапи дарё сохта шудаанд. Биноҳои дуошёна, сетабақа ва баракҳо бояд вайрон карда шаванд. Якум, онҳо ба заминларза тоб намеоранд ва дигар муҳлати истифодаашон кайҳо гузаштааст. Ҳанӯз дар тарҳҳои замони Шӯравии собиқ тахриби чанд биноро дар маркази шаҳр дар назар гирифта буданд. Ҳоло онҳоро иҷро мекунанд."

Дар пойтахти Тоҷикистон чанд сол боз сохтмони биноҳои нави баландошёна идома дорад, вале нархи манзил дар Душанбе поин нарафтааст.

Як метри мураббаи хона ба ҳисоби миёна 500 доллар аст, ки дувуним маротиба бештар аз харҷи сохтмонҳо ва се баробар бештар аз маоши миёнаи сокинони Тоҷикистон аст.

Баҳси бештарро дар бораи биноҳои таърихӣ ва қадимии Душанбе дар ин ҷо хонед:

Шарҳҳоро бинед (12)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG