Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Русия гуфт, мухолифи туркман ба ватан "ихтиёрӣ" баргашт


Изат Исоқов.
Изат Исоқов.

Вазорати корҳои дохилии Русия ба дархост дар бораи муайян кардани маҳалли будубоши мухолифи бедаракшудаи туркман Озод Исоқов посух додааст.

Расонаи "Хроника Туркменистана" 10 ноябр хабар дод, ки муовини сардори идораи фаврӣ-ҷустуҷӯии вазорати умури дохилии Русия Михаил Карпунин дар посухи расмӣ гуфтааст, фаъоли туркман 22 октябри имсол аз фурудгоҳи шаҳри Москва ба Туркманободи Туркманистон парвоз кард.

Карпунин пешниҳод кардааст, ки барои муайян кардани маҳалли будубоши минбаъдаи фаъоли туркман ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Туркманистон муроҷиат кунанд.

Мухолифи 37-солаи туркман Озод Исоқов, ки дар Русия кору зиндагӣ мекард, 20 октябр дар вилояти Москва бедарак шуд.

XS
SM
MD
LG