Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Малола Юсуфзай шавҳар кард. Ӯ кист?


Малола Юсуфзай бо шавҳараш
Малола Юсуфзай бо шавҳараш

Малола Юсуфзай, барандаи Ҷоизаи Сулҳи Нобел, рӯзи 9-уми ноябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод, ки издивоҷ кардааст. Ин ҳомии таълими духтарон соли 2012, дар 15-солагӣ, дар зодгоҳаш Покистон аз тири Толибони маҳаллӣ захмӣ шуда буд.

Ҳоло Малола Юсуфзайи 24-сола дар Бритониё ба сар мебарад. Тӯйи арӯсии ӯ дар шаҳри Бирмингеми Бритониё - макони зисти ҳозирааш барпо шудааст. Дар бораи шавҳари Малола маълумот зиёд нест. Ҳамин қадар гуфта шудааст, ки номаш Асир аст.

Талоши Малола барои таълими духтарон дар гӯшаҳои гуногуни олам, ба вижа мамолики ғарбӣ, қадрдонӣ шудааст, вале дар худи Покистон фаъолиятҳои Малола боиси ихтилофи назарҳо гардидааст.

Соли 2014 ва дар 17-солагӣ Малола Юсуфзай ҷавонтарин барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел шуд, ки барои тарғиби таҳсилу маориф ба муътабартарин ҷоиза дар ҷаҳон мушарраф шуд.

Малола Юсуфзай бо хонаводаи шавҳараш
Малола Юсуфзай бо хонаводаи шавҳараш

Соли 2012 дар ҳодисае шахсони мусаллаҳи ниқобпӯш ба автобусе, ки бояд ӯву духтарони дигарро аз мактаб ба хона интиқол медод, ворид шуда, ба сараш тир кушоданд.

Баъди онки Малола аз ҳамлаи мудҳиш наҷот ёфт, ӯро бо ҳавопаймо барои анҷоми амалиёти ҷарроҳӣ бурданд. Малола аз минтақаи Своти Покистон аст. Ин минтақаро Толибон таҳти назорати худ доштанд ва баъдан бо пахши изҳороте масъулияти ҳамла ба Малоларо бар дӯш гирифтанд. Дар изҳороти Толибон гуфта шуд, ки таблиғи таълиму маориф дар як блоги вебсайти урдузабони шабакаи ҷаҳонии BBC аз ҷониби Малола боис ба ташкили ин ҳамла шуд.

Толибон замони ишғоли минтақаи Свот соли 2009 мактаби духтарҳоро оташ зада, муқаррароти шадиди исломиро ҷорӣ карданд. Дар бораи ин ҳама Малола дар блогаш менавишт.

Баъди тадриҷан муолиҷа ёфтанаш духтараки покистонӣ Бунёди Малоларо таъсис дод ва ба таблиғи таҳсилу маориф дар Покистону Нигерия, Урдуну Сурия ва Кения пардохт.

Бо ин ки Малола яке аз маъруфтарин покистонӣ дар ҷаҳон шудааст, дар дохили кишвараш ӯро яксон қабул намекунанд. Дар изҳороти бисёре аз муҳофизакорони покистонӣ Малола барои паст задани эътибори миллат ва боло гузоштани нақши шахсиаш айбдор мешавад.​

XS
SM
MD
LG