Малола Юсуфзай – барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел – бори нахуст пас аз шаш соли захмӣ шудан дар ҳамлаи Толибон аз зодгоҳаш дар Покистон дидан кард.
Ин духтари 20-солаи покистонӣ рӯзи 31-уми март тавассути чархбол ба минтақаи Мингораи Свот рафт. Ҷое, ки дар 15-солагӣ ҳадафи ҳамлаи Толибон қарор гирифта, аз сараш захм бардоштааст.
Бар асоси гузориши “Ассошиайтед Пресс”, қарор аст, Юсуфзай бо наздикон ва дӯстонаш дидор кунад.
Ин барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел як рӯз қабл дар суҳбат бо хабарнигори “Ройтерс” гуфт, “ман Покистон, Свот ва дӯстонамро ёд кардам. Билохира ба инҷо омадам ва бо баъзе дӯстон ва аъзои хонаводаам дидор мекунам. Ҳеч чизро дар инҷо фаромӯш карда наметавонам. Аз дарёҳо гирифта то куҳҳо, кӯчаҳои ифлос, хокрӯбаи гирди хонаамон, дӯстонам, ғайбатҳо ва суҳбатҳое, ки бо дӯстони худ доштем ва дар мавриди зиндагӣ дар мактаб гап мезадем. Ва чӣ гуна бо ҳамсоягони худ баҳс мекардем. Ба назарам, ҳамаро ёд кардам.”
Малола Юсуфзай ду рӯз қабл вориди Покистон шуд ва бо Шоҳид Ҳоқон Аббосӣ, нахуствазири ин кишвар мулоқот кард.
Ӯ пас аз онки дар ҳамлаи Толибон захм бардошт, барои табобат ба Бритониё интиқол ёфт ва дар онҷо зиндагӣ мекунад. Малола Юсуфзай ба хотири таблиғи таҳсили духтарон ҳадафи ҳамлаи Толибон қарор гирифта буд.