Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Малола Юсуфзай қосиди сулҳи Созмони Милал шуд


Антонио Гутерреш бо Малола Юсуфзай
Антонио Гутерреш бо Малола Юсуфзай

Барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел Малола Юсуфзай барандаи ҷавонтарини унвони ифтихории қосиди сулҳи СММ шуд. Ин духтари 19-солаи покистониро бо чунин нақши ифтихорӣ дар як ҷаласаи СММ дар Ню-Йорк Антонио Гутерреш, дабири кулли СММ сарфароз гардонд. Вай гуфт, “ту танҳо як қаҳрамон неву балки як шахсияти сарсупурдаву шоиста ҳастӣ”.

Малола баъд аз он ба мартабаи як шахсияти боифтихори ҷамъиятии сайёра баланд шуд, ки барои ташвиқи таҳсили духтарон дар мактаб соли 2012 дар дохили автобуси мактабиаш мавриди ҳамлаи мусаллаҳонаи Толибон қарор гирифт. Ӯ баъди дарёфти кумаки давомдори тиббӣ дар Бритониё тавонист, захмҳои сахташро муолиҷа кунад ва ҳоло дар ин кишар истиқомат ва таҳсилашро идома медиҳад.

Баъди ин ҳодисаҳо ӯ дар саросари ҷаҳон сафарҳо анҷом дода ҳамоно духтарҳоро ба идомаи таҳсил дар мактаб ва пешрафтҳои иҷтимоиву ҷамъиятӣ ташвиқ мекунад. Ӯро ҳамчун як рамзи мубориза бо хушунат ва гуруҳҳои ҷангҷӯи ифротӣ мушиносанд. Соли 2014 Малола Юсуфзай дар 17-солагӣ ҷавонтарин барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел шуд.

XS
SM
MD
LG