Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Малола Юсуфзай ба Бритониё бармегардад


Малолаву волидонаш дар мулоқот бо нахуствазири Покистон
Малолаву волидонаш дар мулоқот бо нахуствазири Покистон

Барандаи ҷоизи сулҳи Нобел Малола Юсуфзай сафари пурэҳсоси чоррӯзааш ба Покистонро анҷом дода ба Бритониё бармегардад. Ин нахустин боздиди ӯ аз ватан баъди ҳадафи Толибон қарор гирифтанаш дар соли 2012 мебошад. Малола дар ин сафар, ки рӯзи 2 апрел анҷом ёфт, бо аҳли оилааш буд. Ӯ 20 сол дорад ва дар нахустин сафараш ба ватан бо нахуствазир Шаҳид Хоқон Аббосӣ дидору гуфтугӯ ҳам дошт. Баъди анҷоми давраи тӯлонии муолиҷа, Малола дар Бритониё ба донишгоҳи Оксфорд дохил шуд. Бо пули ҷоизаи Нобел дар водиии Свот як мактаби нави духтарона бунёд кард.

XS
SM
MD
LG