Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон рӯзноманигори лаҳистониро ба Туркия ихроҷ кард


Хабарнигори лаҳистонӣ Агнешки Пикулитска, ки рӯзҳои 7, 8 ва 9 ноябр дар марзи Қазоқистон ва Узбекистон дармонда буд, ба Туркия парвоз кард.

Пикулитска дар суҳбат бо бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфт, субҳи 9 ноябр ӯро аз гузаргоҳи марзии "Жибек Жолӣ" – "Гишт-Куприк"-и Узбекистон ва Қазоқистон ба фурудгоҳи шаҳри Тошканд бурда, маҷбур карданд, ки ба Туркия парвоз кунад.

Мақомоти Узбекистон то ҳол сабаби роҳ наёфтани рӯзноманигори лаҳистонӣ ба ин кишварро шарҳ надодаанд.

Рӯзноманигор 9 ноябр хабар дода буд, ки дар марзи Қазоқистон бо Узбекистон дармондааст. Ба гуфтаи Пикулитска, марзбонон ба ӯ иҷозат надоданд, ки вориди Узбекистон шавад ва ба далели маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус вай наметавонад ба Қазоқистон баргардад.

Рӯзноманигори мустақил Агнешка Пикулитска дар шаҳри Тошканд зиндагӣ ва барои расонаҳои байналхалқие амсоли The Guardian, Al Jazeera, The Diplomat ва Eurasianet гузориш таҳия мекард. Вай дар моҳи феврал гуфт, ки як корманди вазорати корҳои хориҷии Узбекистон ба ӯ дастдарозӣ кардааст. Як рӯзи баъди ин изҳорот ба вай иҷозатномаи кор дода буданд.

XS
SM
MD
LG