Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргирӣ дар Бағдод. Як кас кушта ва даҳҳо нафар захмӣ шуданд


Бағдод, Ироқ
Бағдод, Ироқ

Бар асари задухӯрд миёни пулиси зидди шӯриш ва ситазеҷӯёни тарафдори Эрон дар шаҳри Бағдод, маркази Ироқ, як нафар кушта ва даҳҳо кас захмӣ шуданд. Ҳодиса рӯзи 5-уми ноябр рӯй дод.

Эътирозгарон беш аз се ҳафта боз дар наздикии "минтақаи сабз"-и Бағдод ҷамъ шуда, натиҷаҳои интихоботи порлумонии моҳи октябрро намепазиранд. Дар он интихобот ситезаҷӯёни тарафдори Эрон бартарии бештарро аз даст доданд.

Дар ҳоле ки шуморе аз норозиён бо истифода аз санг кӯшиш кардаанд, ба сӯи "минтақаи сабз", ки идораҳои ҳукуматӣ ва сафорати кишварҳои хориҷӣ ҷойгир аст, пеш бираванд, пулиси зидди шӯриш бо калтаку гази ашковар ва мошинҳои обпош посух додааст.

Дар натиҷа, як эътирозгар кушта шуда, ба иттилои Вазорати тандурустии Ироқ, ба камияш 27 ғайринизомӣ ва 98 маъмури амният захмӣ гардиданд.

Сарвазири Ироқ, Мустафо ал-Козимӣ, дастур додааст, таҳқиқ кунанд, ки сабаби даргирӣ чӣ буд.

Иёлоти Муттаҳида, Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ва дигарон аз интихоботи рӯзи 10-уми октябр дар Ироқ, ки бидуни хушунат ва камбудҳои ҷиддии фаннӣ (техникӣ) баргузор шуд, ситоиш кардаанд. Норозиён мегӯянд, дар интихобот қонуншиканӣ ҷой дошт, вале барои тасдиқи иддаояшон далели қобили эътимод намеоранд.

XS
SM
MD
LG