Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарони низомии Судон гуфтанд, ки чор вазирро озод мекунанд


Низомиёни Судон
Низомиёни Судон

Раҳбарони низомии Судон пас аз тамоси телефонӣ бо дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дастури озодии чаҳор вазирро доданд. Онҳо ҳафтаи гузашта ва баъди ба дасти низомиён гузаштани қудрат дар ин кишвар дар шарқи Африқо дастгир шуда буданд.

Бар асоси эъломияе, ки 4-уми ноябр нашр шуд, вазирони мухобирот (алоқа), савдо, иттилоот ва ҷавонону варзиши Судон озод мешаванд. Як вакили мудофеъ гуфтааст, то нимашаби гузашта онҳо озод нашуда буданд.

Ин эъломия дар ҳоле нашр шуд, ки генералҳои Судон ва раҳбарони мулкии собиқи ин кишвар ҳамчунон даргири музокироти пуртаниш барои берун рафтан аз буҳрони ҳозира ҳастанд.

Фишорҳои байнулмилалӣ ба раҳбарони низомии Судон барои ҳалли буҳрони мавҷуда ва баргардондани раёсати ғайринизомиён дар ин кишвар афзоиш ёфтааст.

XS
SM
MD
LG