Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

WHO суръати сирояти бемориро дар Аврупо боиси "ташвиши ҷиддӣ" донист


Ҳанс Клюге
Ҳанс Клюге

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (WHO) ҳушдор дод, ки афзоиши шумораи гирифторони коронавирус дар Аврупо боиси "ташвиши ҷиддӣ" аст.

Ҳанс Клюге, раиси Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Аврупо, рӯзи 4-уми ноябр дар нишасти хабарӣ гуфт, вазъро нави "Делта"-и коронавирус бадтар кардааст.

Ӯ афзуд, агар вазъ чунин идома ёбад, тибқи як пешгӯии боварбахш, эҳтимол то моҳи феврали соли оянда "ним миллион нафари дигар" қурбонии COVID-19 бишаванд.

Дар ҳамин ҳол, Русия ва Украина омори баландтарини сироят ва талафот аз бемории ҳамагирро эълон карданд.

Мақомоти Русия гуфтанд, рӯзи 4-уми ноябр дар он кишвар марги 1195 кас аз коронавирус сабт шуда, беш аз 40 ҳазор кас, аз ҷумла тақрибан шашуним ҳазор нафар дар Маскав, бемор шудаанд.

Ин вазъ дар ҳолест, ки дар Русия ҳафтаи ғайрикорӣ эълон карда, як қатор маҳдудиятҳо ҷорӣ намуданд.

Вазорати тандурустии Украина хабар дод, ки коронавирус дар 24 соати охир ба беш аз 27 ҳазор кас сироят кардааст. Шумораи умумии мубталоёни коронавирус дар он кишвар ба беш аз 3 миллион нафар расид.

XS
SM
MD
LG