Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як рӯзномаи ҳолландӣ мегӯяд, Русия хабарнигорашро берун кардааст


Том Веннинк, хабарнигори ҳолландӣ
Том Веннинк, хабарнигори ҳолландӣ

Масъулони як нашрияи ҳолландӣ гуфтанд, ки Русия ҳамкори онҳоро, ки аз соли 2015 дар ин кишвар кору зиндагӣ мекард, ихроҷ (берун) намудааст. Ин ҳодисаи дувуми аз Русия рондани хабарнигорони хориҷӣ дар моҳҳои охир мебошад.

Рӯзномаи De Volkskrant 3-юми ноябр дар гузорише навишт, иҷозатномаи будубоши хабарнигор Том Веннинк дар Русия ду рӯз пеш ба далели он чи мақомоти он кишвар "қонуншикании маъмурӣ" хондаанд, бекор карда шуд.

Ба навиштаи рӯзнома, мақомоти Русия ба Том Веннинк дастур додаанд, давоми се рӯз Русияро тарк кунад ва то моҳи январи соли 2025 ҳаққи даромадан ба қаламрави ин кишварро надорад.

Вазорати корҳои дохилии Русия тасмими худро дар бораи ихроҷи ин хабарнигор шарҳ додааст. Ба бовари масъули Вазорати умури дохилии Русия, Том Веннинк дар ду маврид қоидаҳои будубошро поймол кардааст.

Аз ҷумла, ӯ соли 2019 саривақт мақомотро дар бораи ҷойи нави будубошаш огоҳ накардааст. Дигар ин ки хабарнигор дар моҳи январи имсол бе огоҳ кардани мақомот ва дарёфти иҷозатномаи мақомоти маҳаллӣ, ба минтақаи Чукотка, воқеъ дар Шарқи Дур, сафар намудааст.

"Ин барои мо як муаммост, ки чаро ҳукумати Русия акнун ин тасмимро гирифтааст", -- мегӯяд сармуҳаррири De Volkskrant, Петер Клок. Ӯ мегӯяд, дар гузашта чунин "қонуншиканиҳои маъмурӣ" монеае барои дароз кардани иҷозати иқомат пеш намеовард.

Вазорати корҳои хориҷии Ҳолланд аз ин тасмими мақомоти Русия ибрози таассуф кардааст.

XS
SM
MD
LG