Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Узбекистон як рӯзноманигорро зиндонӣ ва озодии дуи дигарро маҳдуд кард


Додгоҳи вилояти Қашқадарёи Узбекистон рӯзи 3-юми ноябр ҳукми хабарнигори "Taftish.uz" Элёрбек Тоҷибоев ва хабарнигорони "Effect.uz" Акбар Нуримбетову Ҳомиҷон Аҳмадов ва соҳибкор Гузал Худоёроваро эълон кард.

Ба иттилои хадамоти матбуотии Додгоҳи олии Узбекистон, додгоҳ Тоҷибоевро ба муҳлати се сол ба зиндони сукунатӣ фиристода, озодии Нуримбетовро 3 сол ва аз Аҳмадовро 2 солу 6 моҳ маҳдуд кардааст. Озодии Худоёрова низ ду сол маҳдуд шудааст.

Рӯзноманигоронро ба "туҳмат", "таҳқир", "муқобилият нишон додан ба намояндаи давлат" ва "монеа эҷод кардан ба ҷараёни тафтишот" гунаҳкор кардаанд.

Мақомоти Узбекистон рӯзи 7-уми апрели имсол аз боз шудани парванда нисбати се хабарнигор иттилоъ дода буданд. Додситонии кулли Узбекистон хабарнигоронро барои ворид шудан ба бинои Додгоҳи ноҳияи Тирмиз ва фишор овардан ба додрас муттаҳам карда буд.

XS
SM
MD
LG