Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муфаттиш гуфт, зарбаи мушакӣ дар Афғонистон "хатои фоҷиабор буд", вале...


Як гӯшаи Кобул дар моҳи августи 2021
Як гӯшаи Кобул дар моҳи августи 2021

Як муфаттиши Вазорати дифои Амрико (Пентагон) гуфт, зарбаи мушакии ҳавопаймои бесарнишини ин кишвар, ки дар Афғонистон як хонаводаи бегуноҳро кушт, хатои фоҷиабор буд, вале зимни зарба ҳеч қонуне поймол нашудааст.

Дар ҳамлаи мазкур дар рӯзи 29-уми августи имсол, рӯзҳои охирини баромадани нерӯҳои Амрико аз Афғонистон, Зиморой Аҳмадӣ, корманди собиқадори як муассисаи имдодии Амрико ва нӯҳ узви оила, аз ҷумла 7 кӯдак кушта шуданд.

Генерал Самӣ Саид, муфаттиши Вазорати дифои Амрико, ки фоҷиаро таҳқиқ мекард, рӯзи 3-юми ноябр сабаби фоҷиаро "хатоҳои иҷро, иртиботи нодуруст ва пешбиниҳои ғалат" номид.

Генерал Самӣ Саид дар Пентагон ба хабарнигорон гуфт, шахсоне, ки дар тарҳрезиву иҷрои амалиёт нақш доштаанд, воқеан, бовар доштаанд, ки "ҳадафи заруриро нишон гирифтанд", аммо ба қавли ӯ 8 соати омодагӣ барои зарба ба мошин мутаассифона нодуруст будааст.

Зарбаи ба мошин дар замони берун овардани даҳҳо ҳазор нафар аз Афғонистон сурат гирифт.

Стивен Квон, яке аз муаасисони созмони имдодии Тарбияву Тағзияи Байналмилалӣ, ки Зиморой Аҳмадӣ дар он кор мекард, гуфт, натиҷаҳои таҳқиқ “маъюскунанда ва носаҳеҳ” аст.

XS
SM
MD
LG