Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳҳо созмони ҳомии ҳуқуқ аз Туркия хостанд, фаъолони туркманро таъқиб накунад


Эътирози туркманистониҳо дар Истанбул. Акс аз бойгонӣ.
Эътирози туркманистониҳо дар Истанбул. Акс аз бойгонӣ.

Даҳҳо созмони ҳомии ҳуқуқ бо нашри изҳороти муштарак аз ҳукумати Туркия хостанд, ки ба таъқиби фаъолони туркманистоние роҳ надиҳад, ки дар Туркия паноҳ бурдаанд.

Дар чанд моҳи охир шаҳрвандони Туркманистон, ки дар эътирозҳои мухталиф ширкат ва аз ҳукумати Туркманистон интиқод мекунанд, дар шаҳрҳои мухталифи Туркия таъқибу боздошт шуданд.

Изҳороти мазкурро, ки рӯзи 2 ноябр нашр шуд, 22 созмони ҳомии ҳуқуқ аз кишварҳои аврупоӣ, Русия, Украина, Гурҷистон ва ИМА имзо кардаанд.

Ин созмонҳо аз бад шудани вазъи муҳоҷирони туркманистонӣ дар Туркия изҳори нигаронӣ кардаанд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки мақомоти Туркманистон ба хешовандони фаъолон фишор меорад.

XS
SM
MD
LG