Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зодаи Қазоқистон эҳтимолан дар вазорати молияи ИМА соҳиби вазифа мешавад


Сауле Умарова.
Сауле Умарова.

Кохи Cафед ба Cенат пешниҳод кардааст, ки Сауле Умарова ба мақоми роҳбарии Раёсати назорати асъори вазорати молияи Амрико таъйин шавад. Кохи Сафед дар ин бора 2 ноябр дар сомонааш хабар дод.

Дар сурати тасдиқи ин пешниҳод аз сӯи сенат, Сауле Умарова нахустин зан дар ин мақом дар таърихи 158-солаи раёсати мазкур дар вазорати молияи ИМА хоҳад буд. Раёсати назорати асъор 3,5 ҳазор кормандон дорад, ки бештар аз ҳазор бонки бузургро назорат мекунанд.

Ибтидои моҳи август хабар расида буд, ки зодаи 55-солаи Қазоқистон ягона номзад дар мақоми роҳбарии Раёсати назорати асъори вазорати молияи ИМА аст. Ин хабар боиси баҳсҳо дар ҷомеаи ИМА шуд. Бонкҳо ва ҷумҳурихоҳони ИМА зидди номзадии Умарова ҳастанд. Ба бовари ҷумҳурихоҳон, идеяҳои Умарова "радикалӣ" ҳастанд.

Ҷо Байден, президенти ИМА 23 сентябр гуфта буд, ки Умароваро ба мақоми роҳбарии Раёсати назорати асъор пешниҳод мекунад. Барои тасдиқи номзадии Умарова бояд, ҳамаи вакилони демократ дар сенати ИМА аз номзадии вай пуштибонӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG