Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Қазоқистон қонуни афви маҳбусонро қабул кард


Зиндоне дар Оқтеппа, Қазоқистон. Акс аз моҳи марти 2021

Порлумони Қазоқистон рӯзи 3-юми ноябр лоиҳа ё тарҳи қонуни афвро бахшида ба 30-солагии истиқлоли давлатии он кишвар қабул кард.

Ин лоиҳа озодии маҳбусонеро пешбинӣ мекунад, ки барои ҷиноятҳои "хурду вазнини миёна" аз озодӣ маҳрум шудаанд. Ҳамчунин дар доираи қонуни мазкур муҳлати ҷазои маҳбусоне, ки бар асоси як қатор бандҳои алоҳида зиндонӣ шудаанд, кам мешавад.

Ба иттилои вазири корҳои дохилии Қазоқистон Ерлан Турғумбоев, қонуни афв нисбат ба 2 ҳазору 236 маҳбус ва 11 ҳазору 310 шахсе, ки парвандаашон мавриди тафтиш қарор дорад, татбиқ хоҳад шуд.

"Қонуни афви озодии собиқадорон, ноболиғон, маъюбони гуруҳҳои 1-2 ва шахсонеро пешбинӣ мекунад, ки ба амнияти шаҳрвандон ва давлат хатар надоранд", - изҳор дошт Турғумбоев.

XS
SM
MD
LG