Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон барои поймол кардани сабзаву гулҳо ҷарима таъин карданд


Ин гулҳоро дар Душанбе шинондаанд. Акс аз соли 2019
Ин гулҳоро дар Душанбе шинондаанд. Акс аз соли 2019

Дар Тоҷикистон бо ислоҳи қонуни ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои гузаштан аз болои сабзаву гулзорҳо ҷарима таъин карданд. Мансур Усмонзода, вакили Маҷлиси Намояндагон, рӯзи 3-юми ноябр гуфт, ки ҷарима аз 30 то 60 сомонист. "Ин ба сабзаву гулгаштҳои кӯчаву хиёбонҳо, назди роҳҳо, назди биноҳои истиқоматӣ дахл дорад, ба истиснои сабзае, ки дар боғҳо барои истироҳат пешбинӣ шудааст", -- шарҳ дод ӯ дар ҷаласаи порлумон. Солҳои охир дар аксар маркази шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон барои зебоӣ гул мешинонанд. Бино бар ислоҳҳои нави қонуни ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ҷазо барои пиёдагардоне, ки қоидаи роҳро вайрон мекунанд, аз 7 то 60 сомонии пешина то 120 сомонӣ боло бурда шуд.

XS
SM
MD
LG