Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷабборов аз БОР хост, сармоягузориро ба иқлими Қирғизистон бештар кунад


Содир Ҷабборов (Содир Жапаров) бо президенти Бонки Осиёии Рушд, Масатсугу Асакава дар шаҳри Глазго
Содир Ҷабборов (Содир Жапаров) бо президенти Бонки Осиёии Рушд, Масатсугу Асакава дар шаҳри Глазго

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Содир Жапаров) ба Бонки Осиёии Рушд (БОР) пешниҳод кард, ки сабади сармоягузории иқлимро то ба 150 миллион доллар афзоиш диҳад.

Ин пешниҳод дар мулоқоти Ҷабборов бо президенти БОР Масатсугу Асакава дар шаҳри Глазго ироа шудааст.

Ҷабборов изҳор доштааст, ки Қирғизистон ҷонибдори тавсеаи ҳамкориҳо бо БОР дар ҳамаи соҳаҳо аст. Ҳамчунин ӯ хостааст, ҳамкориҳо дар бахши бунёди нерӯгоҳҳои обӣ-барқӣ фаъол гардонида шуда, сабаби сармоягузории иқлим то 150 миллион доллар афзоиш дода шавад.

Масатсугу Асакава дар навбати худ барои тақвияти ҳамкориҳои бонк бо Қирғизистон изҳори омодагӣ карда, гуфтааст, пешниҳоди Содир Ҷабборов дар бораи афзоиши сабади сармоягузории иқлим бо шӯрои мудирони бонк баррасӣ карда мешавад.

XS
SM
MD
LG