Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моделе, ки дар пасманзари калисо либоси тагашро нишон дод, аз додгоҳ озод шуд


Ирина Волкова дар додгоҳ. 31-уми октябр
Ирина Волкова дар додгоҳ. 31-уми октябр

Додгоҳе дар шаҳри Санкт-Петербург як моделеро, ки дар пасманзари калисои Исакиевский бо либоси тагаш акс гирифта буд, аз толор озод кард. Радио Свобода бо такя ба хабарномаи дафтари матбуоти додгоҳҳои муттаҳидаи Санкт-Петербург рӯзи 31-уми октябр гуфт, ки модели 31-сола Ирина Волкова озод шуд. Дар шарҳи далелҳои қабул шудани чунин як қарор омадааст, ки додгоҳ дар бораи сабабҳои чунин рафтор кардани айбдоршаванда танҳо далелҳои “тахминӣ” дошт.

Аз ин пеш вақте нисбати Ирина Волкова бо иттиҳоми таҳқири эҳсосоти диндорон парвандаи ҷиноӣ боз шуд, мақомоти тафтишотӣ гуфтанд, ки акс тобистони соли ҷорӣ бардошта ва дар саҳифаи Инстаграми модел гузошта шуд. Дар он модел дар ҳолате акс гирифтааст, ки дар пасманзари калисои маъруфи Исакиевскии шаҳри Санкт-Петербург домани куртаашро боло бардошта нишастааст.

Шоҳидоне, ки рӯзи якшанбе дар мурофиаи додгоҳӣ сӯҳбат карданд, ки гуфтанд, ки Волкова бо ин амалаш “бо пушти урёнаш эҳсосоти онҳо, ҳукумат, давлат, калисо ва ҷомеаро таҳқир кардааст”.

Модел, ки ба толори додгоҳ бо завлона дар даст ворид ва дар пушти панҷара нишонда шуд, ба гуноҳаш иқрор шуд, аз ҳама узр пурсид ва гуфт, ки “беандеша акс гирифта” оқибаташро фикр накард ва “дигар такрор намешавад”.

Ин ҳукм дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта додгоҳи Тверскои шаҳри Маскав ба Руслан Бобиев, як блоггери тоҷик ва модел Ася Акимова, ки дар пасманзари калисои Василий Блаженний аксгирӣ кардаанд, 10 моҳи ҳабс тақозо намуд. Бобиев ҳам он замон барои ин кораш узр пурсида гуфт, ки «дигар ин хел намекунад».

XS
SM
MD
LG