Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон ҳамлаи кибериро кори Амрико ва Исроил донист


 Нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Теҳрон
Нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Теҳрон

Ғуломризо Ҷалилӣ, раҳбари ташкилоти мудофиаи шаҳрвандӣ, ки бахши амнияти кибериро дар ин кишвар назорат мекунад, ИМА ва Исроилро ба ҳамлаи киберӣ айбдор кард.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамла ба сохтори нафтрасонӣ ба камбуди маводи сӯхт дар Эрон сабаб шуд.

Ҷалилӣ гуфт, ки ҳанӯз тафтиши ин ҳодиса хатм нашудааст, вале “аз нигоҳи таҳлилӣ мӯътақид аст, ки ин кори Исроил ва Амрико ҳаст”.

Ҳамлаи киберӣ ба сохтори нафтрасонии Эрон мушкил эҷод намуд ва дар назди нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ навбати тӯлонӣ эҷод кард.

Иброҳим Раисӣ, президенти Эрон гуфт, ҳамлаи киберӣ ба хотири эҷоди бетартибӣ дар кишвар амалӣ шудааст.

Ҷумҳурии исломии Эрон солҳо боз бо Исроил ва Амрико мушкил дорад ва ин кишварҳоро душман медонад.

XS
SM
MD
LG