Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарони Гуруҳи 20 тағйири иқлимро баррасӣ мекунанд


Раҳбарони кишварҳои Гурӯҳи 20 ё бист кишвари саноатии ҷаҳон дар нишасти 30-юми октябр дар Рум дар бораи тағйири иқлим ва иқтисоди ҷаҳон гуфтугӯ мекунанд.

Ин нишасти аввалини ҳузурии раҳбарони G20 пас аз паҳншавии бемории ҳамагир дар ҷаҳон аст.

Ҳарчанд тақсими ваксина ва чораҳои пешгирӣ аз густариши вирус дар баҳсҳо шомил аст, бештари тамаркуз рӯйи тағйири иқлим дар ҷаҳон хоҳад буд.

Гретта Тунберг, фаъоли ҳифозат аз муҳити зист, дар суҳбат бо Би-би-сӣ хоҳони иқдоми ҷиддии раҳбарони Гуруҳи 20 шуд.

Ӯ гуфт: "Шумо, ки раҳбарони кишварҳои қудратманди ҷаҳон ҳастед, масъулиятҳои бисёр доред. Ҳангоме ки Амрико таъсисоти нафтии худро густариш медиҳад, ин баёнгари он аст, ки буҳрони иқлимро ҷиддӣ намегирад."

Қарор аст, баъд аз ин дар бораи тағйири иқлим дар Шотландия низ нишасте баргузор шавад.

XS
SM
MD
LG