Содир Ҷабборов (Содир Жапаров), президенти Қирғизистон, дар нишасти ҳаштуми Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои туркзабон ширкат мекунад.
Ин саммит дар моҳи ноябр дар шаҳри Истанбули Туркия баргузор мешавад.
Ҷабборов дар доираи ин сафар бо президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон мулоқот хоҳад кард. Дар ин бора маркази матбуотии президенти Қирғизистон хабар дод.
Содир Ҷабборов моҳи июни имсол бо сафари расмӣ ба Туркия рафта, бо ҳамтои туркаш мулоқот карда буд. Яке аз мавзуҳои асосии гуфтугӯ он замон рушди ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ буд.
Ҷабборов ба ҳайси президенти Қирғизистон то ин замон ба Қазоқистон, Узбекистон, Тоҷикистон, Русия ва Туркманистон низ сафар кардааст.