Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден сафарашро ба Аврупо аз Итолиё оғоз кард


Ҷо Байден ва ҳамсараш Ҷилл Байден дар фурудгоҳи Рум
Ҷо Байден ва ҳамсараш Ҷилл Байден дар фурудгоҳи Рум

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико ва ҳамсараш Ҷилл Байден сафари чандрӯзаро ба Аврупо аз Итолиё оғоз карданд. Қарор аст, Ҷо Байден дар нишасти сарони Гуруҳи 20 (G20) ё 20 кишвари саноатии ҷаҳон дар Рум ширкат кунад.

Гуфтугӯ дар бораи барномаҳои атомии Эрон бо шарикони Амрико ва ҳам Попи Рум дар Ватикан бахши дигари барномаи сафари ӯст.

Раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, инчунин, дар нишасти байнулмилалӣ дар бораи тағйири иқлим дар шаҳри Глазго дар Шотландия ширкат варзанд.

Ҷо Байден, ки диндор аст, рӯзи 29-уми октябр бо Поп Франсис мулоқот мекунад, аммо маълум нест дар бораи масъалаи баҳсбарангези исқоти ҳамл суҳбат мекунанд ё не.

Ҳукумати Амрико аз ҳаққи занон барои исқоти ҳамл ҳимоят мекунад, калисои католик мухолифи ҳаргуна исқоти ҳамл аст. Нишасти дурӯзаи Гуруҳи 20 рӯзи 30-уми октябр дар Рум оғоз меёбад.

XS
SM
MD
LG