Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Gallup: Бештари русҳои эмнашуда мегӯянд, ният надоранд, ки ваксина гиранд


Дар Русия ҳар рӯз садҳо кас аз коронавирус мефавтанд
Дар Русия ҳар рӯз садҳо кас аз коронавирус мефавтанд

Як назарсанҷӣ нишон додааст, ки аксар сокинони эмнашуда дар Русия нияти гирифтани ваксинаи зидди коронавирусро надоранд.

Назарсанҷиро созмони Gallup анҷом дод. Бино бар он, аз ҳар 4 нафари пурсидашуда дар Русия, ки ваксинаи зидди COVID-19 нагирифтаанд, сенафарӣ гуфтаанд, ки намехоҳанд ваксина бигиранд.

Дар назарсанҷӣ 2001 сокини аз 15-сола болои Русия иштирок карданд. Назарсанҷӣ моҳҳои май-июли имсол анҷом шуд ва натиҷаҳои он 28-уми октябр ба нашр расид.

77 дарсади пурсидашудаҳо гуфтанд, ки ваксина нагирифтаанд. Ин натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки талошҳои ҳукумати Русия барои ташвиқи шаҳрвандони калонсолаш барои гирифтани ваксина чандон натиҷа надоштааст.

Русия дар ҳоли ҳозир бинобар кам ваксина гирифтани аҳолӣ, ба мавҷи нави коронавирус рӯбарӯ аст. Бо дастури президент Путин, аз 30-юми октябор дар ин кишвар як ҳафта рухсатии бомузд эълон шудааст.

Ҷулие Рай, муҳаррир ва масъули нашри гузоришҳои Gallup, мегӯяд, нобоварӣ ба ҳукумат садди роҳи афзоиши ваксиназанӣ аст. Тибқи назарсанҷии Gallup, танҳо 19 дарсади пурсидашудаҳо, ки эътимодашонро ба ҳукумат баён карданд, гуфтаанд, ки қасди гирифтани ваксинаро доранд.

XS
SM
MD
LG