Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имсол ба Тоҷикистон сайёҳон кам омадаанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Cафари сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон имсол низ зиёд нашудааст. Дар 9 моҳи имсол ба кишвар ҳудуди 184 ҳазор ҷаҳонгард омадааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан 58 дарсад камтар аст.

Дар умум теъдоди шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар ин муддат аз Тоҷикистон дидан кардаанд, 344 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки низ дар қиёс бо як соли пеш камтар аст.

Бино ба маълумоти Кумитаи омор, дар соли 2021 бештар шаҳрвандони Узбекистон, Русия ва Афғонистон ба Тоҷикистон омадаанд. Сабаби асосии ду дафъа коҳиш ёфтани саҳми сайёҳон ба иқтисоди кишвар ба пандемия ва маҳдудиятҳои марбут ба он рабт дода мешавад.

Вазъи ноустувори сиёсии Афғонистон, ки Тоҷикистон бо он беш аз ҳазору 400 километр сарҳад дорад, низ монеаи дигари рушди гардишгарӣ дар ин кишвар номида мешавад.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон нақша доранд, бо дастгирии сармоягузорони байнулмилалӣ то соли 2030 cаҳми бахши сайёҳӣ 5 баробар афзоиш ёбад.

XS
SM
MD
LG