Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

4 кушта ва 260 захмӣ. Эътироз алайҳи карикатураҳои паёмбар Муҳаммад. ВИДЕО


Тазоҳурот ба зидди карикатураҳои паёмбари Ислом
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:28 0:00

Видеоро дар инҷо бинед

Дар натиҷаи бархӯрди тазоҳургарон ва пулис дар Покистон 4 афсари пулис кушта ва 260 тани дигар захмӣ шудаанд. Тазоҳургарон, ки тарафдорони ҳизби тундрави Таҳрики Лаббайк ҳастанд, ба зидди нашри карикатураҳои Муҳаммад, паёмбари Ислом, дар Фаронса эътироз доштанд.

Бархӯрд рӯзи 28-уми октябр дар шаҳри Шайхпур сурат гирифт. Ҳазорон нафар аз исломгароён аз рӯзи ҷумъаи гузашта як шоҳроҳи азими Покистонро бастаанд ва талаб доранд, ки сафири Фаронса аз Покистон ронда шавад ва раҳбари ҳизби Таҳрики Лаббайкро озод кунанд. Тазоҳургарон аз он асабонӣ будаанд, ки дар Фаронса карикатураҳои Муҳаммад дар маҷаллаи Шарлӣ Ҳебдо дигарбора нашр шудаанд.

Пулиси Покистон гуфт, тарафдорони Таҳрики Лаббайк, ки туфангча ва Калашников доштаанд, ба самти пулис тир андохтанд. Тазоҳуроти исломгароён дар Покистон чанд рӯз боз идома дорад ва рӯзи ҷумъаи гузашта се афсари пулис кушта шуданд. Вазорати умури дохилӣ амр дод, ки барои таъмини амният, нерӯҳои махсус сафарбар карда шаванд.

Тазоҳуроти мазкур саввумин тазоҳуроти азими Таҳрики Лаббайк аз соли 2017 ба зидди нашри карикатураҳои паёмбари Ислом аст. Маҷаллаи Шарли Ҳебдо ин карикатураҳоро соли 2006 нашр кард ва соли гузашта низ дигарбора рӯи коғаз овард. Сабаб оғози муҳокимаи ифротиёне буд, ки соли 2015 ба дафтари маҷалла ҳамла карданд.

Фавод Чудрӣ, вазири иттилооти Покистон гуфт, ҳукумат саъй мекунад, пеши роҳи исломгароёнро, ки мехоҳанд, ба Исломобод биёянд, бигирад.

XS
SM
MD
LG