Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия теъдоди зиндониёни сиёсӣ дар панҷ соли охир 5 баробар афзудааст


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар Русия ҳадди ақал 420 зиндонии сиёсӣ мавҷуд аст. Ин нисбат ба 5 соли пеш 5 баробар бештар аст. Иттилои мазкурро сомонаи "Медуза" бо такя ба маркази ҳифзи ҳуқуқи "Мемориал"-и Русия нашр кардааст.

Аз 420 зиндонӣ 360 тани онҳо бо ангезаҳои динӣ зиндонӣ шудаанд. Ин зиндониён асосан мусалмон ҳастанд, ки бо айби ширкат дар созмонҳои мамнуъ ҳабс мешаванд.

Созмони "Мемориал" гуфтааст, натиҷаи таъқибҳои сиёсӣ буд, ки мухолифи ҳукумати Русия Алексей Навалний зиндонӣ ва чанде аз ёрони вай боздошту ҳабс шуданд.

Теъдоди воқеии маҳбусони сиёсӣ дар Русия мумкин аст, чанд баробар бештар бошад. Сергей Давидис, як масъули "Мемориал" гуфт, мумкин аст, дар Русияи кунунӣ шумори маҳбусони сиёсӣ аз шумори маҳбусони сиёсии солҳои охирии СССР низ бештар бошад. "Мемориал" мегӯяд, вақте Михаил Горбачев, охири роҳбари СССР дастури озодии маҳбусони сиёсиро дод, наздики 700 тан аз зиндонҳо раҳо шуданд.

XS
SM
MD
LG