Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷири дар ҷои кор даргузаштаро дар Душанбе ба хок супурданд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Рӯзи гузашта дар оромгоҳи Душанбе ҷасади ҷавонеро ба хок супориданд, ки чанд рӯзи пеш ба таври ногаҳонӣ дар ҷоий кораш дар Русия ба ҳалокат расид. Наворе, ки дар он Сафари 22-сола, ҳангоми ҷобаҷогузории бор дар яке аз мағозаҳои Маскав эҳтимолан бо сабаби якбора аз кор мондани дилаш ба замин мефтад, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд. Барои интиқоли тобути ӯ ба Душанбе муҳоҷирон маблағ ҷамъ кардаанд. Ба гуфтани онҳое, ки Сафарро мешинохтанд, марҳум се соли охир дар муҳоҷират буд. Субҳи дирӯз ҷасади ӯ ба дасти пайвандонаш расид. Дар баробари он ки муҳоҷират то кунун як манбаи асосии даромади хонаводаҳо дар Тоҷикистон боқӣ мемонад, ҳодисаҳои фавти онҳо ҳам дар Руси якам нест. Шуморе аз онҳо, мисли Сафари ғуррамарг дар айни ҷавонӣ ва шаҳди зиндагӣ ночашида дунёро падруд гуфтаанд.

XS
SM
MD
LG