Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешбиниҳо аз афзоиши шумори муҳоҷирон дар Русия


Мактабе дар шаҳри Перми Русия. Як фарзанди муҳоҷирон расм мекашад
Мактабе дар шаҳри Перми Русия. Як фарзанди муҳоҷирон расм мекашад

Ҳукумати Русия дар соли 2021 афзоиши шумори муҳоҷиронро интизор аст. Тибқи пешгӯӣ, соли ҷорӣ шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар ин кишвар метавонад тахминан 400 ҳазор нафар зиёд шавад, ки дар 25 соли охир рекордӣ маҳсуб меёбад. Нашрияи «Известия» бо такя ба Девони вазирон менависад, бо вуҷуди вуруди зиёди муҳоҷирон, аҳолии Русия то соли 2025 метавонад 1 миллиону 600 ҳазор нафар кам мешавад. Бо ин ҳол, афзоиши муҳоҷират ба ин кишвар дар охири соли 2020-ум 106 ҳазор ва дар ҳафт моҳи имсол 161 ҳазор касро ташкил додааст. Аксари кулли муҳоҷирон аз кишварҳои Ҳамсуд, аз ҷумла 38 ҳазор нафар аз Тоҷикистон ба Русия рафтаанд.

XS
SM
MD
LG