Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден пеш аз парвоз ба G20 мехоҳад тарҳи буҷа қабул шавад


Президенти ИМА Ҷо Байден  
Президенти ИМА Ҷо Байден  

Рӯзҳои истироҳат раҳбарони кишварҳои узви Гурӯҳи бистгонаи пешрафтаи иқтисодӣ ё G20 дар нахустин мулоқоти ҳузурие дар давраи пандемияи COVID-19 ҷаласа мекунанд. Дар ҷаласае, ки дар шаҳри Руми Итолиё мегузарад, президенти ИМА Ҷо Байден ҳам иштирок хоҳад кард. Пеш аз парвоз ба Аврупо Байден ният дорад рӯзи 28-уми октябр дар миёни демократҳои Маҷлиси намояндагон тарҳи буҷаро баррасӣ ва ба қабули он пойфишорӣ кунад.

Раҳбарони демократҳо гуфтаанд, ки шонси қабули ин санад зиёд аст. Дар миёни хароҷоти аслии буҷа маблағгузории барномаҳои сиҳҳатӣ, боғчаҳои бачагона ва ҳам ҷудо кардани 500 миллиард доллар ба муқобила бо тағйироти иқлим мебошад.

Байден аз Конгресс хост, ки ин тарҳро ба як ҳолати ниҳоӣ наздик кунад.

XS
SM
MD
LG