Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон барои бонувони афғон роҳ кушод


Ҳавопаймое дар фурудгоҳи Алмаато
Ҳавопаймое дар фурудгоҳи Алмаато

Қазоқистон барои берун рафтани занони додрас, вакилони порлумон ва аъзои хонаводаи онҳо аз Афғонистон роҳи транзитӣ ташкил кардааст.

"Раҳбари давлат бо назардошти пойбандии Қазоқистон ба уҳдадориҳои байнулмилалии худ чунин тасмим гирифт", - омадааст дар иттилоияи Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон.

Ба иттилои сомонаи маҳалли Informburo, мебоист, тавассути ин "долони сабз" 99 кас ба хориҷ аз Қазоқистон парвоз кунанд.

Ба огаҳии вазорат, роҳи мазкури транзитӣ дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байнулмилалии ғайридавлатӣ тавассути фурудгоҳи шаҳри Алматои Қазоқистон ташкил карда шудааст.

XS
SM
MD
LG