Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваколати Ангела Меркел дар Олмон расман ба поён расид


Ангела Меркел, ки аз моҳи ноябри соли 2005 садри аъзами Олмон буд, расман аз мансаби раиси ҳукумати Олмон канор рафт.

26-уми октябр, дар рӯзи ҷаласаи аввали порлумони нав, президенти Олмон Франк-Волтер Штайнмайер ба Меркел ва аъзои ҳукуматаш санади ба поён расидани ваколатҳояшонро дод.

Акнун, бино ба Конститутсияи Олмон, Меркел ва аъзои ҳукуматаш то замони ташкили ҳукумати нав ба иҷрои ваколатҳояшон муваққатан идома медиҳанд.

Интихоботи порлумонӣ дар Олмон 26-уми сентябр баргузор шуд. Дар он Ҳизби сотсиал-демократ бо роҳбарии Олаф Шолтс пирӯз шуд. Барои ташкили ҳукумати нав миёни ҳизбҳои сиёсие, ки вориди порлумон шуданд, гуфтугӯҳо идома доранд.

XS
SM
MD
LG