Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арзиши "патент" дар баъзе аз минтақаҳои Русия боло меравад


Нархи "патент" ё иҷозаи кор барои муҳоҷирон дар вилояти Омски Русия боло меравад. Хабаргузориҳои Русия навиштанд, маҷлиси вилоятӣ лоиҳаи қонунро қабул кардааст. Бино бар он, аз соли 2022 коргарони хориҷӣ бояд барои патент беш аз 4 ҳазор рубл пардохт кунанд. Дар ҳоле ки феълан арзиши "патент" дар Омск 3890 рубл аст. Нархи "патент" дар вилояти Тюмен аз 5896 ба 6203 рубл хоҳад расид. Ҳамасола тақрибан ду миллион муҳоҷир дар Русия иҷозаномаи кор мегиранд. Русия соли 2015 доштани патентро ҳатмӣ кард ва буҷаи он кишвар ҳар сол аз ҳисоби пардохтҳои муҳоҷирони корӣ миллионҳо доллар фоида мебинад. Муҳоҷироне, ки бе патент кор мекунанд, ҷарима ва аз қаламрави Русия ронда мешаванд. Мақомоти Русия соли оянда аз ҳисоби додани патент 90 миллион рубл фоида ба даст оварданӣ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG