Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зани олмонӣ барои аз об маҳрум кардани кӯдаки язидӣ ба зиндон маҳкум шуд


Язидиҳо аз дасти ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" бисёр азият шудаанд
Язидиҳо аз дасти ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" бисёр азият шудаанд

Додгоҳи шаҳри Мюнхен зани олмониеро, ки иҷоза додааст, як духтари язидӣ аз ташнагӣ бимирад, ба 10 сол зиндон маҳкум кард.

Ӯро ба узвият дар гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” ё ДОИШ дар Ироқ, талош барои куштор, ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноят ба зидди башарият гунаҳкор донистанд. Муҳокима 25-уми октябр баргузор шуд.

Муфаттишони олмонӣ гуфтанд, зани 30-сола ба бераҳмии шавҳараш – як ҷангҷӯи ДОИШ – чашм пӯшидааст, ки духтари панҷсолаи язидиро барои тар кардани ҷойи хоб зери офтоби сӯзон баста мондааст.

Ӯро соли 2018 ҳангоми бозгашт аз Олмон ба Сурия дастгир кардаанд.

Ба гуфтаи муфаттишон, зани 30-сола ҳамчун узви “пулиси ахлоқ”-и ДОИШ дар шаҳрҳои Фаллуҷа ва Мавсил занонро барои пӯшидани бурқаи сиёҳ назорат кардааст.

Додситони кулли Олмон аз додгоҳ тақозо карда буд, ки ин занро ба ҳабси якумрӣ маҳкум кунад.

XS
SM
MD
LG