Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико аз Куриёи Шимолӣ хост, озмоиши мушакҳоро қатъ кунад


Охири моҳи сентябр Куриёи Шимолӣ мушакҳои нави худро озмоиш кард.
Охири моҳи сентябр Куриёи Шимолӣ мушакҳои нави худро озмоиш кард.

Як дипломати амрикоӣ аз Куриёи Шимолӣ хостааст, ки озмоиши мушакҳояшро қатъ кунад.

Сунг Ким, намояндаи Амрико дар умури Куриёи Шимолӣ аз ин кишвар хостааст, ки ба мизи музокирот баргардад. Ин дипломат, ки бо мақомоти Куриёи Ҷанубӣ гуфтугӯ дошт, аз Куриёи Шимолӣ хостааст, то аз фаъолиятҳои бесуботкунанда даст кашад.

Дар гузашта Доналд Трамп, президенти собиқи Амрико ва Ким Ҷонг Ун, раҳбари Куриёи Шимолӣ бо ҳам дидор доштанд. Дар ин дидорҳо масъалаи барномаҳои мушакии Куриёи Шимолӣ матраҳ шуда буд, вале ИМА муввафақ нашуд, то ин кишварро ба қатъи озмоиши мушакҳо водорад.

Куриёи Ҷанубӣ ва Куриёи Шимолӣ солҳост бо ҳам душманӣ доранд. Куриёи Ҷанубӣ роҳи демократиро пеш гирифтааст ва ба як кишвари пешрафта табдил ёфтааст. Куриёи Шимолӣ, ки низомаш диктотурӣ аст, як кишвари ақибмонда аст, вале бо озмоиши мушакҳо ҳамеша кишварҳои дигарро таҳдид мекунад.

XS
SM
MD
LG