Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саршумори морхӯр ва хуки ваҳшӣ дар Тоҷикистон афзудааст


Кумитаи омори Тоҷикистон мегӯяд, саршумори морхӯр, яке аз ҷонварҳои зебои кишвар дар солҳои гузашта афзуда ва дар соли 2020 ба бештар аз 4150 сар расидааст.

Дар маълумотномаи “Муҳити зисти Тоҷикистон”, ки Кумитаи омор ҳамин ҳафта нашр кард, омадааст, соли 2016 дар Тоҷикистон фақат 850 морхӯр вуҷуд дошт.

Ин ҷонвари зебо дар Китоби сурхи байнулмилалӣ ва ҳам Китоби сурхи Тоҷикистон шомил карда шудааст ва шикори он бо иҷоза сурат мегирад.

Ба гуфтаи табиатшиносони тоҷик ва ҳам Иттиҳодияи Байналмилалии Муҳофизати Табиат, хатари аслӣ ба ҷони морхӯрҳо дар Тоҷикистон, шикори ғайриқонунӣ ва бемориҳои сироятист.

Омори ҷолиби дигар дар ин маълумотнома дар бораи саршумори хуки ваҳшӣ ва ё гуроз дар Тоҷикистон аст, ки дар соли 2020 аз марзи 12600 сар гузаштааст, ки дар муқоиса ба 5 соли пеш қариб 3 ҳазор сар зиёдтар аст.

Дар Тоҷикистон ба далели мазҳабӣ гӯшти хуки ваҳширо намехӯранд, аз ин ҷиҳат шикори он бисёр кам сурат мегирад ва саршумори онҳо назар ба дигар ҷонварон босуръат зиёд мешавад.

XS
SM
MD
LG