Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон мизбони ҷаласаи вазирони ҳамсоякишварҳои Афғонистон мешавад


"Толибон" дар вилояти Бадахшони Афғонистон. Акс аз сентябри соли 2021
"Толибон" дар вилояти Бадахшони Афғонистон. Акс аз сентябри соли 2021

Мақомоти эронӣ гуфтанд, ки поёни моҳи октябр дар шаҳри Теҳрон ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон баргузор мешавад. Саид Хаттибзода, сухангӯи ВКХ Эрон рӯзи 18-уми октябр дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки рӯзи 27-уми октябр дар як ҷаласаи ҳузурӣ мулоқоти вазирони корҳои хориҷии ҳамсояҳои Афғонистон барпо мешавад ва ин ҷаласа як рӯз идома хоҳад кард. Хаттибзода гуфт: “Дар барномаи ҷаласа идомаи муколамае дар назар аст, ки бахши аввали он ба таври фосилавӣ баргузор шуда буд. Шаш кишвар тамаркузи худро ба роҳҳои кӯмак дар ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон бо ҳузури ҳама гурӯҳҳои миллӣ равона хоҳанд кард”.

Ҷаласаи якуми онлайнии вазирони хориҷии ҳамсояҳои Афғонистон рӯзи 8-уми сентябр барпо шуд ва дар кори он дипломатҳои баландпояи Эрон, Чин, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон иштирок карданд.

Дар бораи ин ҷаласа ва ҳам нақшаҳои ширкати ҷониби Тоҷикистон дар ин нишаст мақомот дар Душанбе ҳанӯз ҳеҷ хабаре нашр накардаанд. Дар робита бо ҳукумати Афғонистон, ки аз моҳи августи имсол аксар қаламравҳояш зери назари “Толибон” гузаштааст, то ҳол танҳо Тоҷикистон ба таври ошкору қотеона гуфтааст, ки ин гурӯҳро ба расмият нахоҳад шинохт ва хостори дидани як ҳукумати фарогир аз ҳама гурӯҳҳои ҷомеаи Афғонистон мебошад. Дигар кишварҳои ҳамсояи Афғонистон зоҳиран моили музокираву ҳамкорӣ бо “Толибон” мебошанд.

XS
SM
MD
LG