Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манбаи навори "шиканҷа ва таҷовуз" дар зиндонҳои Русия ба Фаронса рафт


Владимир Осечкин
Владимир Осечкин

Сарчашмаи берун омадани иттилои зиёд, аз ҷумла видео, дар бораи шиканҷа ва таҷовузи ҷинсӣ дар зиндонҳои Русия ба Фаронса фирор карда, қасд дорад, дар ин кишвари аврупоӣ паноҳгоҳи сиёсӣ бигирад.

Ин хабарро Владимир Осечкин, ҳомии маъруфи ҳуқуқ дар Русия, ки лоиҳаи зидди шиканҷа (Gulagu.net)-ро роҳбарӣ мекунад, 16-уми октябр тасдиқ кард. Сомонаи Gulagu.net аксар видеои ин манбаъро, ки то ҳол танҳо Сергей номида мешавад, нашр намудааст.

Бино ба иттилои Gulagu.net, Сергей 16-уми октябр аз як кишвари номаълум дар шимоли Африқо ба фурудгоҳи Шарл Де Голли Париж рафт.

Дар он гуфта мешавад, ки ӯ фавран ба полиси фурудгоҳи пойтахти Фаронса барои гирифтани паноҳандагӣ муроҷиат кардааст. Дар Телеграм низ аксеро гузошта, гуфтанд, ки Сергей дар фурудгоҳ аст.

Осечкин сарчашмаи худро танҳо "муҳандиси IT аз Беларус" тавсиф карда буд, ки дар Саратов зиндонӣ шуда, дар он ҷо ӯро низ таҳқир мекарданд.

Gulagu.net 4-уми октябри имсол ба нашри нахустин видеоҳое шуруъ кард, ки дар онҳо иддао мешуд маҳбусон аз ҷониби кормандони Хадамоти Федеролии Амният (ФСБ) ва Хадамоти федеролии иҷрои ҷазо (ФСИН) дар Русия шиканҷа мешаванд.

XS
SM
MD
LG