Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нозанин Зоғарӣ аз эҳтимоли бозгашт ба зиндон "нигарон аст"


Нозанин Зоғарӣ-Ратклифф. Теҳрон, моҳи марти соли 2021
Нозанин Зоғарӣ-Ратклифф. Теҳрон, моҳи марти соли 2021

Шавҳари Нозанин Зоғарӣ-Ратклифф, зани бритониёии эрониасл, гуфт, ҳамсараш аз эҳтимоли бозгашт ба зиндон дар Эрон сахт нигарон аст.

Додгоҳи таҷдиди назари Эрон ҳукмеро тасдиқ кард, ки ба муҷозоти Нозанин Зоғарӣ як соли дигар зам мекунад.

Вай қаблан ба панҷ сол зиндон маҳкум шуда, соли охири ҳукмро (2020) шартан дар хонаи волидонаш дар Теҳрон гузаронд, чун Эрон дар посух ба пандемияи коронавирус ҳазорҳо маҳбусро муваққатан озод кард.

Зоғариро бори дувум, моҳи апрели имсол, бо иттиҳоми "таблиғи зидди низом" ҳангоми иштирок дар тазоҳуроти соли 2009 дар назди сафорати Эрон дар Лондон ба як соли дигар ҳабс маҳкум карданд.

Ричард Ратклифф, ҳамсари Нозанин Зоғарӣ-Ратклифф, 16-уми октябр ба Би-би-сӣ гуфт, ҳамсараш "аз эҳтимоли дубора фиристода шудан ба зиндон осеб дидааст." Ратклифф, ки аз соли 2016 барои бозгашти ҳамсараш ба Бритониё талош дорад, гуфт, худи ӯ аз шунидани ҳукми иловагӣ ҳайратзада шуд.

Нозанин Зоғарӣ-Ратклифф бори аввал дар моҳи апрели соли 2016, ҳангоме ки қасд дошт, пас аз мулоқот бо хонаводааш ба Бритониё баргардад, дар фурудгоҳи Теҳрон дастгир шуд. Ӯро бо гуноҳи тавтеи сарнагунии режими Эрон ба 5 сол зиндон маҳкум карданд. Хонум Зоғарӣ ин иттиҳомро инкор кардааст.

XS
SM
MD
LG