Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талафоти рӯзона аз коронавирус дар Русия аз марзи 1000 кас гузашт


Кремлин сустии эмкуниро иллати афзоиши талафот медонад
Кремлин сустии эмкуниро иллати афзоиши талафот медонад

Мақомоти Русия 16-уми октябр аз фавти 1002 нафар дар як рӯз аз коронавирус гузориш доданд.

Аз замони паҳншавии бемории ҳамагир ин омори баландтарини талафоти рӯзона дар Русия ба шумор меравад.

Ҳамчунин идораи мубориза бо коронавирус дар ин кишвар аз гирифтории зиёда аз 33 ҳазор кас дар шабонарӯзи гузашта ба бемории ҳамагир хабар дод.

Дар Русия дар умум 7.9 миллион нафар ба коронавирус мубтало шуда, беш аз 222 ҳазор нафар ҷон бохтаанд. Иддае шумораи воқеиро бештар аз ин медонанд.

Русия аз лиҳози талафот аз коронавирус дар қатори панҷум дар ҷаҳон қарор дорад.

Кремлин, ки сустии эмкуниро иллати афзоиши талафот медонад, аз мардум хостааст, ваксина бигиранд.

XS
SM
MD
LG