Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон: боздоштҳо дар доираи парвандаи "мафияи фармасевтӣ" идома доранд


Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 15-уми октябр хабар дод, ки дар доираи парвандаи "мафияи фармасевтӣ" фасодкории як қатор мансабдорони дигари Вазорати тандурустӣ ва ширкатҳои доруфурӯширо ошкор кардааст.

Ба огаҳии кумита, С.Ж.К., хеши вазири пешини тандурустии Қирғизистон манфиати ширкатҳои доруфурӯширо ҳимоят карда, бо "харидан"-и мансабдорони давлатӣ раванди бақайдгирии доруҳоро дар Департаменти таъминоти доруи он кишвар "суръат мебахшидааст".

С.Ж.К. бо қарори Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.

Номи гумонбар ва вазири пешини тандурустии Қирғизистон ошкор намешавад. Аммо раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев 13-уми октябр гуфт, дар "мафияи фармасевтӣ" хоҳари Космосбек Чолпонбоев, собиқ вазири тандурустии ин кишвар даст дорад.

Кумита охирҳои моҳи сентябр хабар дода буд, ки "як гуруҳи ширкатҳо маводи дорувориро аз хориҷ ба Қирғизистон ворид карда, бо нархи ниҳоят гарон ба сокинон мефурӯхтаанд".

Тафтишҳо дар коргоҳу анборҳои ширкатҳои доруфурӯшӣ вуҷуд доштани "муҳосиботи дугона"-ро тасдиқ карда, ин ширкатҳоро гӯиё мансабдорони давлатӣ ҷонибдорӣ ва ҳимоят мекардаанд.

Раҳбари яке аз ширкатҳои мазкур боздошт ва бо гумони фасодкорӣ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда буд.

XS
SM
MD
LG