Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Politico": Имиҷи Тошканд дар назди Вашингтон боло рафтааст


Шавкат Мирзиёев бо конгрессменҳои Амрико
Шавкат Мирзиёев бо конгрессменҳои Амрико

Нашрияи маъруфи "Politico" менависад, Узбекистон ба хотири тақвияти робитаҳои Тошканду Вашингтон маъракаи хашини иттилоотиеро роҳандозӣ кардааст.

Ба навиштаи "Politico", ба ҳайатҳое, ки аз Узбекистон боздид мекунанд, намояндагони Пентагон низ ҳастанд. Онҳо дар Тошканд тавсеаи ҳамкориҳоро дар бахши таъмини амният ва субот баъди сари қудрат омадани гуруҳи Толибон дар Афғонистонро баррасӣ мекунанд.

Манбаъҳои нашрия дар Конгресс ва Пентагон гуфтаанд, ба мавзуъҳои баррасишаванда дар ин гуфтугӯҳо масъалаи ҷойгиркунии нерӯҳои зиддитеррористии ИМА дар минтақа низ шомил аст.

Маъмурияти президент Ҷо Байден ҳам давоми чанд моҳи ахир дар ин замина бо мақомоти Узбекистон ва ҳамсоякишварҳои дигари Афғонистон гуфтугӯҳоеро анҷом медиҳад, вале ҷузъиёти онҳо ошкор намешавад.

Чанд конгрессмени ҷумҳурихоҳи Амрико ҳафтаи гузашта сафареро ба Узбекистон анҷом доданд ва бо мақомҳои расмии ин кишвар, аз ҷумла президент Шавкат Мирзиёев дидору гуфтугӯ карданд. Яке аз конгрессменҳо Дон Бэйкон баъди ин вохӯрӣ, сарфи назар аз далелҳои боварбахш дар бораи бо тақаллуб баргузор шудани интихоботи навбатии президентии Узбекистон гуфт, "ин кишвар метавонад ба яке аз давлатҳои демократӣ ва ҳомии ҳуқуқи инсон табдил ёбад".

XS
SM
MD
LG